васеъ — [وسيع] а 1. кушод, фарох, паҳновар; муқоб. танг; паҳн; сербар; васеъ васеъ фарох фарох, кушод кушод; биёбони васеъ дашти паҳновар; остини васеъ остини фароху кушод; пешонаи васеъ пешонаи фарох, пешонаи калон; роҳи васеъ роҳи калон, роҳи сербар;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
майна — I [مينه] мағзи сари одам ва ҷонварони дигар, мия; майна об кардан хуб фикр рондан, ҳаматарафа фикр кардан дар бораи чизе; гӯшу майнаи касеро хӯрдан бисёр гап зада касеро безор кардан; дар майнаи худ фикреро пазондан ҳаматарафа мулоҳиза карда… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
амиқулфикр — [عميق الفکر] а. соҳиби тасаввуроти пурра, дорои андешаҳои ҳаматарафа ва фикри расо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ботинан — [باطناً] а 1. дар ботин, қалбан, замиран, дар таги дил 2. аслан, дар асл, дар ҳақиқат; моҳиятан; зоҳиран ва ботинан ҳам дар намуд ва ҳам дар асл; ҳаматарафа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ваҷҳ — [وجه] 1. сабаб, далел, асос; аз ин ваҷҳ а) аз ин сабаб, аз ин рӯ, аз ин ҷиҳат; бинобар ин; б) аз ин хусус, дар ин бора; бе ҳеҷ ваҷҳ бесабаб, беҳуда, бе ягон асос; ваҷҳ гуфтан а) сабаб нишон додан; далел овардан; баҳона кардан; б) маҷ. ҳисобӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иқтидор — [اقتدار] а. қудрат, тавоноӣ; иқтидори истеҳсолӣ қобилияти дар шароити комилан ба кор андохтани корхона ва воҳидҳои дигари истеҳсолот маҳсулот тавлид кардан, имконияти истеҳсолӣ; иқтидори ҳарбӣ қудрати ҷангӣ, қобилият ва тобоварӣ дар ҷанг; иқтидор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лоиҳа — [لايحه] а 1. тарҳу нақшаи ҳаматарафа коркардаи ягон бино ва сохтмон: лоиҳаи чизеро кашидан 2. матни пешакии ягон қарор ё ҳуҷҷат, ки ба муҳокима гузошта мешавад: лоиҳаи ислоҳоти…, лоиҳаи фармон, лоиҳаи қонун … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муфассал — [مفصل] а 1. тафсилшуда, шарҳу эзоҳдода; пурра ва ботафсил ифодаёфта 2. ба таври васеъ ва ҳаматарафа, бо тафсил, муфассалан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
покиза — [پاکيزه] 1. пок, озода, тоза, соф: ҳавои покиза 2. беайб, бенуқсон, бегуноҳ 3. ҳалолкор; софдил 4. дуруст, равшан; ба хубӣ; ҳаматарафа 5. тамоман, батамом; то охир; покиза гап задан бе хато гап задан, озод сухан рондан; покиза доштан тоза нигоҳ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пурра — [پرّه] 1. тамом, расо, комил, бекаму кост: боварии пурра, ваколати пурра, маълумоти пурра, се соли пурра, тасаввури пурра, пурра гардонидан (кардан) 2. комилан, ба таври мукаммал, ҳарҷониба, бакуллӣ: пурра воқиф будан, пурра кардан комил… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ